Ҳилларӣ Клинтон : «Мехоҳам қаҳрамони ИМА бошам»

Апрель 14, 2015 15:26

Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои  шабакаи интернетии Би-Би-Си рӯзҳои охир ҳазорҳо нафар истифодабарандагони сомонаи  интернетӣ дар шаҳри Венаи Австрия аз болои сомонаи «Фейсбук» ба додгоҳи ин кишвар  шикоят бурданд. Онҳо сомонаи мазкурро барои поймол кардани қонунҳои аврупоӣ дар бораи махфӣ нигоҳ доштани сирру асрори истифодабарандагон айбдор меҳисобанд. Гуфта мешавад, ки агар даъвои ҷабрдидагон аз тарафи додгоҳ қонеъ  шавад, пас «Фейсбук»-ро лозим меояд, ки ба ҳамаи онҳо дар ҳаҷми 500 евроӣ, дар маҷмӯъ 12,5 миллион евро пардохт намояд. Тибқи иттилои расида, аризаи даъвогӣ ба дафтари кории дар Дублин будаи «Фейсбук» ирсол шуд. 
 
      Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки вазири умури хориҷии собиқи Амрико  Ҳилларӣ  Клинтон  дар як паёми кӯтоҳи видеоии худ  гуфт:  «Амрикоиҳо ҳар рӯз ба қаҳрамон ниёз доранд ва ман мехоҳам ки  қаҳрамони ин кишвар  бошам». Бояд гуфт, ки хонум Клинтон, рақиби Барак Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар ҳафт соли пеш худро расман номзади интихоботи президентии 2016 дар Иёлоти Муттаҳида эълон кард. 
 
 Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои сухангӯи Пентагон  Стив Воррен, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии чандин  моҳи охири неруҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико ва ҳам амалиёти артиши Ироқ назоратро бар 17 ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави Ироқ аз даст додааст. 
Ӯ гуфт, неруҳои амниятӣ ва эътилофи ҳавоӣ «бешубҳа ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” осеб расонда” ҳоло ин гурӯҳ тадриҷан ба қафо мегардад.  Ба гуфтаи Воррен,дар Сурия ҷангиён нуфузи худро дар минтақаи атрофи шаҳри Кӯбонӣ, воқеъ дар марз бо Туркия аз даст дода, қаламравҳои атрофи шаҳри марказии Ҳомс ва пойтахт-  шаҳри Димишқро тадриҷан зери назорат медароранд. 
 
 

Апрель 14, 2015 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст