Ҷаласаи ҳарсолаи БРО дар Боку

Апрель 7, 2015 13:20

 
Душанбе,07.04.2015 (АМИТ«Ховар» Пайрави Қосим),- Дар ҷаласаи ҳарсолаи Шӯрои мудирони  Бонки рушди Осиё дар  мавзӯи «Мушорикат ба хотири рушд», ки аз  2 то 5 май  дар шаҳри Боку баргузор  мегардад, қариб 3 ҳазор  нафар мансабдорони  давлатӣ, тоҷирони бонуфуз, сармоягузорон, журналистон ва  намояндагони  ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Тавре, ки аз намояндагии Бонки рушди Осиё дар ҶТ хабар  доданд, ҷаласаи ҳарсола  бори  нахуст  да  Қафқоз  баргузор  мегардад. Мавзӯи яке аз мубоҳисаҳои муфассал иборат аз густариши  ҳамкорӣ ва  ҳамгироӣ   дар  дохили  минтақаи мазкур  ва  Осиёи Марказӣ  хоҳад  буд.
Семенари  мудирон  имконоти рушди минтақаи Осиё  ва  уқёнуси Ором,  сиёсати кишварҳо дар  бахши  муҳити дохилию хориҷӣ ба манзури рушду густариши устувор  ва коҳиши минбаъдаи  қашшоқию  камбизоатиро муҳокима  менамояд.

 

Апрель 7, 2015 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст