Ҷаласаи Шӯрои байнипарлумонии ИДМ дар Санкт-Петербург
Душанбе,16.04.2015 (АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода).- 16 ва 17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ бахшида ба 70 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуда, дар кори он раиси Кумитаи иҷроия-муншии иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок менамояд.
Тавре ки аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони ҶТ Абдуҷаббор Азизӣ ба ӯҳда дорад. Аъзои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ даҳҳо масоили мубрамро баррасӣ намуда, ҳуҷҷатҳои тартибдодаи онро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Ба муносибати санаи фархунда – 70 солагии Ғалаба ду қонун -“Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагони муҳофизи Ватан” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ” таҳия шудаанд, ки ба муҳокимаи ассамблея гузошта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба ифтихори 70 солагии Ғалаба бархе чорабиниҳо, аз ҷумла, иқдоми “Сабқати хотира”-ро роҳандозӣ мекунад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






