Ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар ҶТ
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар се моҳаи аввали соли 2015 ба 13 субъекти хоҷагидор иҷозатнома оид ба ҷалби хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби 888 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 738 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 100 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Ветнам, 26 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, 9 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Юнон, 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 6 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон, 3 нафар шаҳрванди давлати Мисри Араб, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Украина, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Урдун дар соҳаи сохтмони иншоотҳо ва истеҳсолот дода шудааст.
Бояд зикр кард, ки ширкатҳои номбурда дар баробари ҷалби 888 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҳамчунин 3970 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷойҳои корӣ доимӣ таъмин менамоянд.
Дар самти пешгирӣ ва назорати муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 25 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида шуда, муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 1730-нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 2780 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ширкатҳо ба ҷои кор таъмин шудааст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






