Ҷашни таъсиси қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ

Апрель 17, 2015 10:04

Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дирӯз дар қисми низомии 08941, воқеъ дар шаҳри Чкалов 20-солагии Рӯзи таъсиси қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ҷашн гирифта шуд.
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муовини раиси шаҳр Киромиддин Мухторов афсарону сарбозонро ба муносибати 20-солагии Рӯзи таъсиси қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Номбурда зикр намуд, ки бо ҳидоятҳои ҳамешагии роҳбарияти кишвар ба масъалаи пурзӯр намудани иқтидори неруҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, афсарону сарбозон ва хизматчиён мунтазам бо имтиёзҳои назаррас фаро гирифта мешаванд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти дигар қисмҳои низомии горнизони Суғд иштирок намуданд.
Барои болида гардидани руҳияи афсарону аскарон аз тарафи бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов барномаи фарҳангӣ пешкаш гардида, дастурхони идона ороста шуд.
 

Апрель 17, 2015 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд