Ҷомеаи солим аз оилаи солим аст
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила 21 — 22 апрели соли 2015 дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Варзоб ГЭС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия байни 200 нафар занону духтарон сухан гуфта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашуда, кӯшишу ғайрати худро ба хондану аз худ намудани донишҳои замонавӣ равона намоянд, то дар оянда мавқеи намоёнро дар ҷомеа ишғол карда тавонанд.
Зимни вохӯрӣ нуктаи махсус зикр гардид, ки оила як рукни нозукест, ки камтарин нофаҳмӣ ва инҷиқиҳои рӯзгор метавонад суботи онро халалдор намояд. Барои роҳ надодан ба ҳар гуна нофаҳмиҳо мо бояд пеш аз ҳама соҳибмаълумот бошем, аз фарҳангу маданияти баланди тоҷиконаи худ огоҳ бошем, ватанпараст буда ва ҳуввияти баланди миллӣ дошта бошем, эҳтирому ҳурмати волидон ва калонсолонро ба ҷо орем, метавонем оилаи солим барпо намоем, зеро сарчашмаи ҷомеаи солим аз оилаи солим аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






