132 нафар аҳолии Суғд дар Русия бо кор таъмин гардид

Апрель 27, 2015 11:24

    Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар миқёси вилояти Суғд 10 адад субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд. Бо гарм шудани ҳаво ва сар шудани муҳоҷирати оммавӣ фаъолияти онҳо дар самти сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар хориҷа рӯ ба афзоиш ниҳодааст. 
Аз ҷумлаи онҳо ҶДММ “Сомонэкспрестранс” ба мусофиркашонии байналмилалӣ машғул аст ва дар ин радиф муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷойи кор дар Федератсияи Русия таъмин менамояд. 
21 апрел  аз ҷониби ин субъекти хоҷагидор 34 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ таҳти роҳбарии сардорони гурӯҳ Санавбар Устобоева ва Алибой Имомназаров ба шаҳри Тюмен сафарбар шуданд. Ҳамзамон 1 гурӯҳи дигари 12-нафара таҳти роҳбарии роҳбалад Парвина Очилова ба шаҳри Тюмен равона гардид.  
 ҶС “Иттиҳодияи автовокзалҳо” низ  ҳамкориашро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар сатҳи баланд ба роҳ монда истодааст. Чунончи дар ҳамин сана дар ҳамкорӣ бо Раёсат ин субъекти хоҷагидор 25 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба шаҳри Красноярск сафарбар намуд. 
Дар доираи ҳамкории Раёсат бо ҶСК “Нақлиёт” 21.04.2015 гурӯҳи 13-нафараи муҳоҷири меҳнатӣ ба шаҳри Сургути Федератсияи Русия сафарбар шуд. 
Ҳамзамон дар ҳамин рӯз ҶДММ “Роҳи абрешим” 48 нафар муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Тюмен сафарбар намуд. Дар маҷмӯъ, дар давоми 1 рӯз аз вилояти Суғд 132 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Русия рафт, ки онҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ 1 сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешаванд. 

Апрель 27, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст