500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолият

Апрель 16, 2015 10:38

Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар тибқи қарори раиси вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, дар қаламрави вилоят маъракаи 500 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардид. Тавре ки сомонаи расмии мақомоти вилоят иттилоъ медиҳад, мақсад аз ин қарор вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад. 
Вобаста ба ин ҳамаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳамзамон мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда, баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ороиши шаҳру ноҳияҳо ва татбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Апрель 16, 2015 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид