Афзоиши содироти маҳсулот аз ҷониби коргоҳҳои Хуҷанд
Хуҷанд, 11.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолӣ ба маблағи 137 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Инчунин дар ин раванд аз оғози соли равон дар миқёси шаҳр бо тавлиди 7 коргоҳи нави хурду миёна 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, алъон дар шаҳр 154 коргоҳ амал мекунад.
Мутобиқ ба маълумоти масъулини шуъбаи мухталиф, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 25,3% ё 27 млн. сомонӣ баробар буда, аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолӣ 50 намуд маҳсулоти саноатӣ, аз қабили хӯрокворӣ, саноати сабук ва мошинсозӣ бартарӣ дорад.
Дар ин замина ҳамзамон маҷмӯи маҳсулоти содиротӣ низ афзуда, он дар давраи ҳисоботӣ ба 40 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ нишондиҳандаи мазкур 15 % зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, асосан маҳсулоти содиротӣ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, чун Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия интиқол дода шуда, байни он маҳсулотҳои хӯрокворӣ, саноати сабук ва сохтмонӣ бартарӣ доранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






