Баргузории нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса

Апрель 24, 2015 13:52

Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе бо даъвати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, нахустин анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои  Тоҷикистон, зиёда аз 20 нафар соҳибкор ва  15 нафар намояндаи ширкатҳои Фаронса дар ҶТ, инчунин беш аз 60 нафар соҳибкори ватанӣ ширкат варзид.
 Дар ин анҷуман ҳарду ҷонибро намояндагони давраҳои соҳибкорони  бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз қабили энергетика, саноат, истихроҷи нафту газ, туризм, нақлиёту алоқа ва фаъолияти бонкӣ муаррифӣ намуданд.
  Нахуст раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим ифтитоҳ бахшид.  Сипас аз ҷониби намояндаи ширкати МЕДЕФ Интернейшнл, имкониятҳои сармоягузории Фаронса муаррифӣ гардид.
  Бояд зикр намуд, ки мақсади баргузории анҷуман- ин боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду  кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок мебошад.
 Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар вобаста ба иқтисодиёту саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат маърӯза намуданд.  
Дар фарҷом байни соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса вохӯрии дуҷониба баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар муҳокима шуданд. 
 

Апрель 24, 2015 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст