Баррасии масъалаҳои таҳсилоти касбию техникӣ

Апрель 1, 2015 13:35

 
Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  31 март муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Сангинзода бо намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё (БРО) дар Тоҷикистон Си Си Ю мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба амалӣ гаштани лоиҳаи Бонки Рушди Осиё «Таҳкими иштироки бахши хусусӣ дар системаи таҳсилоти касбию техникии Тоҷикистон», ки 21 муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкориро фаро мегирад, дар бораи кумаки иловагии БРО ҷиҳати рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани бекорон ва муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Ватан баргаштаанд, ибрози назар намуданд.
Эмин Сангинзода аз кумаку дастгириҳои бонки мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд низ вазорат ҳамкориро дар ин самт қавитар ба роҳ хоҳад монд.
 

 

Апрель 1, 2015 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст