Баррасии масъалаи зӯроварии хонаводагӣ дар Душанбе

Апрель 22, 2015 15:24

 Душанбе, 22.04.2015  (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон (СОРОС) дар мавзӯи «Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар чорчӯбаи ҳамкории байниидоравии мақомот ва муассисаҳои низоми пешгирии зӯроварии хонаводагӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мизи мудаввар баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар кори мизи мудаввар сардори шуъбаи идораи нозирони минтақавии милитсияи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Талабшо Меликов ва намояндагони кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷумҳурӣ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи машварат Зӯҳро Ҳалимова, директори шуъбаи ташкилоти байналмилалии Иниститути «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон оид ба моҳияти Қонуни мазкур ва амалишавии талаботи он дар ҷумҳурӣ сухан кард. Ба андешаи мавсуф дар самти мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда ва пешравиҳо низ ба назар мерасанд. «Хушунату зӯровариро пурра аз байн бурда наметавонем, вале барои пешгирии он метавон чораҳои заруриеро дар мувофиқа ба Қонуни мазкур дар амал татбиқ сохт»,- гуфт ӯ.
 «Зӯроварии оилавӣ кирдори номатлуби зиддиҳуқуқӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Мувофиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба шахси зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки таҳдиди содир намудани онро мекунад, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амрномаи муҳофизатӣ дода мешавад», — иброз дошт Талабшо Меликов.
Дар идомаи мизи мудаввар ҳамчунин як зумра иштирокчиён дар мавзӯи зикршуда сухан гуфтанд.

Апрель 22, 2015 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст