Баррасии масоили дастрасӣ ба бозори меҳнат

Апрель 22, 2015 08:57

Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-21 апрел вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт. Мақсад аз мулоқоти мазкур шиносоӣ ва муҳокимаи роҳҳои ҳамкорӣ дар самти дастрасӣ ба бозори меҳнат барои шахсоне, ки дар назорати UNHCR қарор доранд, мебошад.  
Дар вохӯрӣ масъалаҳои омӯзиши касбии паноҳандагон дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва бо кор таъмин намудани онҳо баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самти мазкур таҳия ва имзои санади ҳамкорӣ ба мақсад мувофиқ аст.     
 Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Апрель 22, 2015 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст