Баррасии роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ

Апрель 6, 2015 16:38

   Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрўз бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи “Роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
         Чорабиниро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода   ифтитоҳ намуда,  зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баррасии масъалаҳои ҷалби беҳтари сармояи хориҷӣ ва муайян кардани монеаҳо дар ин самти муҳими кишвар ба ҳисоб меравад. 
Дар  мизи мудаввар намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс, роҳбари департаменти рушди бахши хусусии Шўрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс, ректори Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон  Ашурбой Солиев, ҷонишини  ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Сироҷиддин Мирзохонов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аброр Мирсаидов оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таклифу пешниҳодҳои судманди худро оид ба мавзўи матраҳгардида  манзури иштирокчиён намуданд.
Оид ба саҳми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ баромади роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуъмон Абдуҷабборов шунида шуд.
Илова бар ин, дар мизи мудаввар оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав сардори Раёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сафаралӣ Қурбонов маълумот дод.
Аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ директори ҶДММ “Шивер-Тоҷикистон”, тамғаи ҷаҳонии “Ашан”, Фредерик Лоббе, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндаи Ширкати саноатӣ ва кўҳии Тоҷикистону Хитой ва аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ муовини аввали раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Р. Саидисмонов баромадҳои худро  ирсол карданд. 
Пас аз баромади маърузачиён иштироккунандагони мизи мудаввар мулоҳизаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ изҳороти мизи мудаввар  қабул карда шуд, ки дар он устувории қонунгузорӣ, кам кардани дахолати мақомоти санҷишӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла аз байн бурдани санҷишҳои пай дар пай, инчунин ташкили Фонди суғуртаи сармоя ва стратегияи инвеститсияҳои инноватсионӣ масъалаи мубрам ҳисобида шуданд.  

Апрель 6, 2015 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст