Баррасии сохтори бонкдорӣ дар Тоҷикистон

Апрель 21, 2015 11:22

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили навбатии илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ», ки ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид, ба масъалаҳои сохтори бонкдорӣ ва муаммоҳои он дар Тоҷикистон бахшида шуд. 
Ба иттилои котиби маҳфили «Коршиноси иқтисодӣ» Саъдихоҷа Маъдиев, ректори донишкада Ашурбой Солиев таваҷҷуҳи ҳозиринро барои истифода бурдан аз таҷрибаи бойи коршиносон ва мутахассисон дар робитаи зич бо сиёсати давлатии таъмини кори самараноки бонк ва бонкдорӣ, васеъ пеш гирифтан ва сафарбар карда тавонистани воситаҳои нави техника ва технологияҳо дар амалиёт ва хизматрасониҳои бонкӣ ҷалб намуд.
Дар маҳфил маърузаи аудитори Хадамоти аудитии ҶСК «Агроинвестбонк» Назар Хушов дар мавзўи «Сохтори бонкдорӣ ва муаммоҳои он дар Тоҷикистон» шунида шуд, ки дар ҷараёни он байни ҳозирин саволу ҷавоб ва музокирот ба амал омад.
Тавре ки Назар Хушов  иброз дошт, ҳадафҳои асосии сиёсати молиявии давлатии кишвар- ин дарёфти имкониятҳои таъмини субъектҳои хоҷагӣ бо хизматрасонии замонавии бонкӣ мебошад. Мавсуф бо назардошти вазъи нисбатан номуътадили муносибатҳои иқтисодии замони муосир, тағйирёбии таносуби имкониятҳои захиравии молию пулӣ равандҳои ташаккул ёфтани сохтори бонкдориро дар кишвар дида баромад. Ин ҷиҳатҳо аз ҳисоби беҳтар гардонидани вазъи идораи дороиҳои бонкӣ, хавфҳо, нокифоя будани сармояи бонкӣ баҳодиҳӣ гардиданд. 
 
 
 
 

Апрель 21, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст