Баррасии таъмини амнияти кишварҳои ОМ аз ҷониби СААД

Апрель 3, 2015 14:19

 
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- «Нақши СААД дар таъмини амният аз таҳдидҳои берунӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ (ОМ)»-таҳти чунин унвон имрӯз  дар филиали  ДДМ ба номи М. Ломоносов  конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ  баргузор гардид, ки  дар он намояндагони СААД, сафорати  Руссия дар  Тоҷикистон, инчунин намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ширкат намуданд. Сайдаъло Мирзоев-директори  иҷроияи филиали ДДМ ба номи М.В. Ломоносов   дар робита ба конфронси мазкур иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории он пеш аз ҳама пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли таҳдидҳои берунӣ маҳсуб меёбад: «Имрӯз хусусан он таҳдидҳое, ки  аз тарафи Ҷумҳурии  исломии  Афғонистон, ҳамчун кишвари ҳамсарҳад вуҷуд доранд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», афзуд Сайдаъло Мирзоев имрӯз, 3 апрел зимни баргузории конфронси  байналмилалӣ.
        «Мо бо Афғонистон ҳудуди  1400  км марз дорем ва Тоҷикистон ҳоло дар хатти аввали ҷабҳа аст, ки мутаассифона, аз ин кишвари ба мо дӯст масъалаи ифротгароӣ, тундгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ба вуҷуд меояд, ки хеле масъалаи муҳими амниятӣ мебошад»,-иброз дошт Худобердӣ Холиқназар-директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда гуфт, маҳз бо ҳадафи ҳифзи амнияти кишварҳои узви СААД, бахусус Тоҷикистон аз таҳдидҳои  беруна  коршиносони ботаҷриба ҷалб шуданд, ки ба хулосаи  назаррас  расанд.
        Игор  Панарин-ҳамоҳангсози Ассотсиатсияи таҳлилии  СААД дар робита ба масъалаи амнияти кишварҳои аъзо иброз  дошт, ки  СААД ягона созмоне ҳаст, ки дар ҳалли масъалаҳои таҳдидкунанда чун терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ нақши  калидӣ  дошта, барои таъмини амнияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари аъзо мусоидат намояд. 
«Базаи ҳарбии Русия дар  қаламрави  Тоҷикистон  мустаҳкам  карда мешавад, то дар ҳолати таҳдидҳо ин гурӯҳ ба таври фаврӣ барои таъмини амнияти Тоҷикистон кумак расонад»,-мегӯяд  Игор  Панарин. Ба гуфтаи мавсуф гароиши ҷавонони кишвар низ ба ҳар гуна ҳаракатҳо  дар кишварҳои  Сурияву Ироқ боиси нигаронӣ буда, дар ин самт корҳо бояд боз ҳам пурзӯтар шаванд.
    Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши СААД дар таъмини амният аз таҳдидҳои берунӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» қарор аст фардо, 4 апрел низ идома ёбад.

 

Апрель 3, 2015 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст