Беаҳамиятии волидону муаллимон ба китобхонии наврасон
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии китоб баргузор шуд. Ба иттилои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли қалам, коршиносони соҳаи адабиёт бар ин назаранд, ки майлу рағбати бачаҳо нисбат ба китобхонӣ рӯз ба рӯз кам шуда истодааст. Мегӯянд, ки насли навраси имрӯза аз китоб дида бештар ба интернет, мусиқиҳои сабук ва филмҳои каммазмун майл мекунад. Ҳуриннисо Ализода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бачаҳо имрӯз китоб хондан мехоҳанд, аммо он чизеро, ки мехоҳанд, дастрас намекунанд ва ночор ба манбаъҳои дигари дилхушӣ рӯ меоранд. Сабаб ин аст, ки адабиёти ба талаботи рӯз ҷавобгӯ надорем. Мо одат кардаем, ки гуноҳро ҳамеша сари каси дигар бор кунем.Бояд иқрор шавем, ки адабиёти имрӯзаи тоҷик қафо мондааст. Ҷойи пинҳон нест, ки кӯдакони имрӯза завқи баланд доранд, ҷаҳонбинияшон хеле васеъ аст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки вобаста ба завқу салиқаи имрӯзаи бачаҳо ва талаботи маънавии онҳо кору эҷод намоем. Насли имрӯза китобро дӯст медорад ва мехонад, чунки дар рӯзҳои баргузории фестивал ҳамаи мо шоҳид будем, ки чӣ гуна хонандагон бо шавқу шӯр дар вохӯриҳо иштирок ва бо эҳсоси баланд аз ашъори шоирони классику муосир шеърҳо қироат мекарданд. Маълум буд, ки китобдӯстдору китобхонанд. -Сабаби аслии ин ҳолатро ман дар беаҳамиятию беназоратии волидон ва хунукназарии мактабу муаллимон мебинам. Асоси таълим аз хона сарчашма мегирад. Вале мактаб ҳам бояд мавқеашро аз даст надиҳад. Аз ин рӯ, мактаби мо низ ҳамеша ба хотири ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ талош мекунад. Бачаҳои имрӯза китобро дар шакли электронӣ хондан мехоҳанд. Чунки мо дар асри 21, асри илму техника қарор дорем ва фарзандонамон мехоҳанд ҳамқадами замон бошанд. Дар ин ҷода пеш аз ҳама ба фарзандон таваҷҷуҳи бештар мебояд,-афзуд Ҳуриннисо Ализода.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






