Бетартибиҳо дар Конакри
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Тибқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Тудей рӯзи дуюм аст, ки дар пойтахти Гвинея — шаҳри Конакри бетартибии оммавии сокинони кишвар идома дорад. Гуфта мешавад, ки ҳангоми бархӯрди кормандони полис бо ҷамъомадагон як нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ба ақидаи коршиносон муқаррар гардидани санаи нави интихоботи президентӣ норозигии аҳолиро ба миён овард. Тибқи қарордоди нав ин чорабинии сиёсӣ дар Гвинея моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорабинии фарҳангии «Иди рангҳо» як фоҷеаи нохуш рух дод. Ҳангоми ҷашн ногаҳон биное, ки барои кӯҳнавардон сохта шуда буд, фурӯ рафт. Дар пайи ин ҳодиса 2 нафар ба ҳалокат расида, 48 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта неруҳои эътилоф мавқеъҳои ҳаракати «Ҳауси»-ро бар асари зарбаҳои охири ҳавоии неруҳои вилояти Саъадаи Яман мавриди гулӯлаборон қарор доданд . Дар ҷои ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Ҳамзамон шабакаи хабарии телевизиони «Ал-Ҷазира» иттилоъ медиҳад, ки як роҳбари шабакаи террористии «Ал-Қоида» дар Яман ҳалок гардидааст.
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар»)).-Дирӯз дар фурудгоҳи шаҳри Херосимаи Япония ҳавопаймои мусофирбар аз хати парвоз берун омад. Дар пайи ин ҳодиса 20 нафар мусофир ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан чархи ҳавопаймо корношоям гардида, ба фалокат дучор омадааст. Тибқи иттилои расида ҳавопаймо ба ширкати «Эйшна Эйрлайнс» мансуб буда, он аз рӯйи хатсайри Сеул — Херосима парвоз анҷом медод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






