БМТ : Ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат афзоиш меёбад

Апрель 9, 2015 11:24

Душанбе,09.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих).-  Бақияи умумии  қарзҳо дар ташкилотҳои қарздиҳандаи  ҷумҳурӣ  дар охирӣ моҳи феврали соли ҷорӣ 10,1 миллиард  сомониро ташкил дод.
Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таҳлили сохтори бақияи қарзҳо  нишон медиҳад, ки 51,9 фоизи бақия, яъне 5 милларду 230 миллиону 900 ҳазор сомониро қарзҳои кутоҳ — муддат ва 48,1 фоизи он, яъне 4 миллиарду 847 миллиону 400 ҳазор сомониро қарзҳои дароз- муддат ташкил медиҳнад, ки ин  аз афзоиши  ҳаҷми қарзҳои дароз муҳддат шаҳодад медиҳад.
Дар давраи зикршуда фоизи миёнаи қарзхо дар низоми бонкии кишвар ба ҳисоби асъори милли23,93 фоизи солона ва ба ҳисоби асъори  хориҷӣ 22,77 фоизи солонаро ташкил дод.
Тайи моҳҳои январ ва феврали соли 2015 баробари афзудани талаботи аҳолӣ ба  маблағ, ҳаҷми қарзҳои хурд тамоюли  авзоишро  дошта, нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта баробари 12,8 фоиз  афзуд.  Аз ҷумлаи ин  маблағҳо барои  минтақаҳои дурдасти кишвар қарзҳои хурд  дар  ҳаҷми 179 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷуда карда шуд, ки нисбат ба  ҳамин  давраи соли гузашта баробари 0,7 фоиз  зиёд аст.

Апрель 9, 2015 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст