Боз ду тоҷик қурбони гирифтани патент шуданд

Апрель 24, 2015 11:31

Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Хадамоти муҳоҷҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон расман иттилоъ медиҳад, ки санаи 20 апрели 2015 тақрибан соати 23:30 дақиқаи шаб, дар шоҳроҳи 19 км МКАД-шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ бо бархўрдани чандин автомашинаи хурд ва ду мошини калони боркаш ба вуқуъ пайваст ва боиси ҳалокати одамон гардид.
Тибқи баъзе маълумотҳои васоити ахбори омма гўё 4- нафар шаҳрванди тоҷик дар ин фоҷиа ба ҳалокат расидааст.
Намояндагии Хадамоти муҳоҷират баъди санҷида баромадани ин воқеаи нохуш муайян намуд, ки фақат ду шаҳрванди Тоҷикистон-яке Додов Самад Абдуллоевич, с.т. 1981, зодаи ноҳияи Ванҷ ва Шоев Ҷумъахон Усмонович, с.т. 1970, зодаи ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расидаанд.
Бояд қайд намуд, ки шаҳрвандони марҳум бо мақсади ба расмият даровардани патент дар Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират, пос Сахаврово, шабона барои гирифтани навбат раҳиспор буданд. Ду нафар шаҳрванди дигар аз ҷониби намояндагӣ муайян гардид, ки яке Отаев Акрамҷон шаҳрванди Кирғизистон ва дигаре Юсупов Нуриддин Сумиевич шаҳрванди Ӯзбекистон мебошанд. 
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамот А.Кодирӣ, бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрвандон шаби 21 апрел тавассути ширкати ҳавопаймои «Тоҷик — Эйр» ба ватан оварда шуданд.
 
 
 

Апрель 24, 2015 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст