Боздиди Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҳисор

Апрель 24, 2015 16:16

Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сангчашмаи ноҳияи Ҳисор дар расми ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок кард. Бо дастури  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби нав дар ин деҳа  тавассути ҳамкории   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии  ҷаҳонӣ  бунёд гардида, дар ду баст барои 650 хонанда пешбинӣ  гардидааст. Сохтмони  ин мактаб  моҳи  марти  соли 2013 оғоз гардида, бо харҷи наздик ба 2 миллион доллари  амрикоӣ ба анҷом расонида  шуд. 
Дар  идомаи  сафар ба ноҳияи Ҳисор  Сарвазири мамлакат  ва  ҳайати  ҳукумат  бо  ҷараёни  сохтмони  иншооти  ҷашнӣ  дар ноҳия шинос шуд.
Тавре  ки аён  гардид, корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор, хусусан сохтмон, таъмир ва навсозии иншооти хурду бузурги таъйиноти гуногун, аз қабили роҳу пулҳо, зеристгоҳҳои барқӣ, варзишгоҳи марказии ноҳия, мактаби президентӣ, чойхона, қасри фарҳанг, китобхона, осорхона ва мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии қалъаи Ҳисор  мувофиқи  нақша  идома  дошта, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Зимни шиносоӣ таваҷҷуҳи  асосӣ ба масъалаи сифати корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳои корҳо, азхудкунии маблағҳои ҷудогардида, таъмини иншоот бо об ва неруи барқ, вусъати корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ зоҳир шуд.
Натиҷаҳои шиносоӣ бо корҳои омодагӣ, сохтмон ва навсозии иншоот дар ситоди корӣ бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот баррасӣ шуданд. Ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  омодагӣ  ва таҷлили сазовор  аз  ҷашни 3000-солагии Ҳисор аъзои кумитаи тадорукот ва дигар шахсони масъул вазифадор шуданд.
 
 
 
 

Апрель 24, 2015 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст