Боздиди Қ. Расулзода аз роҳи оҳани Душанбе -Қурғонтеппа

Апрель 8, 2015 16:19

Душанбе, 08.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  бо ҷараёни  сохтмони қитъаи  Ваҳдат- Ёвони  роҳи  оҳани  Душанбе -Қурғонтеппа  шинос  шуд. Сохтмони  ин  қитъаи  роҳи  оҳан  моҳи  марти  соли 2009  оғоз  гардида,  аз  истгоҳи Ваҳдат то истгоҳи Ёвон  масофаи   40,7  километрро дар бар мегирад.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш  аз ибтидои роҳи оҳан дар  мавзеи Элок  то истгоҳи  роҳи  оҳани  Ёвон  дар тамоми қитъаҳо бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.
Тавре ки иттилоъ дода шуд, сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби мутахассисон ва ташкилоту идораҳои роҳсозии  ватанӣ пеш бурда мешаванд, нисбат ба давраҳои пеш беҳтар гардида, дар давоми се моҳи аввали соли равон дар масофаи 1,5 км қисмати болоии роҳ омода  шудааст. Корҳои таркишию омодасозии қитъаҳои алоҳида барои сохтмони роҳ аз ҷониби ширкатҳои  эронӣ низ мувофиқи матлаб идома дошта, дар давоми ду моҳи  оянда пурра ба анҷом расонида мешаванд.
Хотиррасон бояд кард, ки  дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат- Ёвон 3 нақб бо дарозии 3 775 метр ва  панҷ  пули  бузург бо дарозии 681 метр дар асоси шартнома аз ҷониби  Ширкати идораи 19-уми Ҷумҳурии мардумии Чин сохта мешавад. Корҳои  омодагӣ  барои  оғози  сохтмони нақбу пулҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои босифат  ва дар муҳлатҳои  муқарраршуда  ба  анҷом  расонидани  корҳои асосии заминӣ, истифодаи  самараноки  рўзҳои  мусоид  ва маблағу механизмҳо, кўчонидани  иншооти ба сохтмони роҳ халалрасонанда аз ҷумла манзилҳои  истиқоматӣ,  қубурҳои  обгузар  ва  дигар  иншоот масъулини дахлдорро вазифадор намуд.  
Дар айни замон дар сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа  зиёда аз 150    мошину  механизмҳои сохтмонӣ ба кор ҷалб гардида, шумораи коргарону мутахассисон ба 390 нафар мерасад.
Дар ситоди корӣ бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, роҳи оҳани мамлакат ва ташкилоту идораҳои сохтмонии ватанию  хориҷӣ  ҷараёни  иҷрои  корҳо дар зарфи се моҳи аввали соли равон  натиҷагирӣ  шуда,  нақшаи корҳои бунёди роҳ  барои моҳҳои дигар тарҳрезӣ гардид.
 
 
 

Апрель 8, 2015 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст