Боздиди намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз Донишкадаи иқтисод ва савдо

Апрель 6, 2015 15:41

Душанбе,06.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверз-Картер зимни сафараш ба вилояти Суғд аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ боздид намуда, бо ҳузури зиёда аз 60 нафар донишҷӯи донишкада дар мавзӯи “Нақши ниҳодҳои байналхалқии молиявӣ дар ҳалли муаммоҳои иқтисодии Тоҷикистон” маъруза  намуд.
Ба иттилои Иномҷон Аминов, директори донишкада Патрисия Виверз-Картер оид ба муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва баъзе самтҳои ҳалли онҳо баҳси илмӣ ташкил намуда, бо донишҷӯён доир ба нақшаҳояшон дар оянда суҳбат намуд.
Зимни мулоқоти роҳбарияти донишкада бо хонум Патрисия Виверз-Картер оид ба таърихи ташаккул, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, имкониятҳову неруи илмиву таълимӣ ва техникии донишкада маълумот дода шуд. Инчунин дар мулоқот оид ба самтҳои имконпазири ҳамкории байни донишкадаву Бонки ҷаҳонӣ муҳокима шуд. Роҳбарияти донишкада барои тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати пурзӯр намудани барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодони донишкада бо донишгоҳҳои пешқадами Аврупо ва ИМА, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, иштирок дар тадқиқоти муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ доир ба муаммоҳои ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, дастгирии молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ барои мукаммалгардонии фаъолияти таълимию методӣ ва илмии донишкада бо Патрисия Виверз-Картер гуфтушунид намуданд.
Патрисия Виверз-Картер зимни баррасии масоили матраҳшуда изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барои омӯзиши дақиқи имкониятҳои ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдо фиристода мешавад.
 
 
 
 
 
 

Апрель 6, 2015 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст