Боздиди Р. Аҳмадзода аз хонаводаи ҷавонони саркашида аз хизмат
Хуҷанд, 9.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дирӯз ба хонаводаи се тан ҷавоне, ки аз хизмат дар сафи артиш саркашӣ кардаанд, рафт. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази иттилоотии мақомоти шаҳр Маҳмудчон Муҳаммадӣ хабар дод, мақсад аз рафтани шаҳрдор ба хонаводаи ин ҷавонон- ин пеш аз ҳама огоҳӣ ёфтан аз вазъи аслии воқеа ва суҳбати ошкоро бо волидайни онҳо буд. Гарчанде ки то даъвати баҳории кунунӣ ба се тан даъватшаванда аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳрӣ даъватнома барои ҳозир шудан ба коммисариати ҳарбӣ фиристода шуд, вале онҳо аз ҳозир шудан саркашӣ карданд.
Зимни мулоқот раиси шаҳр доир ба масъулияти падару модар баҳри тарбияи сазовори фарзандон ва ҷавобгарии фарзандони онҳо дар назди қонун ёдрас шуда, баён доштааст, ки дар сурати идомаи ин раванд ва ҳозир нашудани фарзандони онҳо барои рафтан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон алайҳи онҳо тадбир хоҳанд андешид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






