Бозии “Истиқлол” — “Хайр” барои Ҷоми олии Тоҷикистон

Апрель 3, 2015 09:00

 

Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ  бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон -2015, 5-уми апрел соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2014 ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар баргузор мешавад.
Сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз Норак, ёваронаш Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе ва Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон таъйин шудаанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Аъзамҷон Бӯриев аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба зимма дорад.
Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори шашум баргузор мешавад. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. «Истиқлол» чор маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012 ва 2014) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) доир шуд, бар дастаи «Равшан» бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва барои бори чаҳорум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид.
 
 

 

Апрель 3, 2015 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст