«Далерон- Ӯротеппа» — «Хайр»: сардовари бозӣ иваз шуд

Апрель 23, 2015 16:15

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст,  сардовари бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон миёни «Далерон-Ӯротеппа» — «Хайр» иваз шуд.
Бо сабаби андаке нотоб шудани Парвиз Муртазоев, ки қаблан аз ҷониби Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҳакамӣ намудани бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан») — «Хайр» (Ваҳдат) таъйин гардид, барои хизматрасонии ин вохӯрӣ Сайёдҷон Зайниддинови душанбегӣ таъйин шуд. Зайниддиновро дар канори майдон Хусрави Сиддиқзод ва Беҳрӯз Муртазоев, ки ҳар ду аз Душанбе ҳастанд, кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Нозим Мансуров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зимма дорад. Нозири бозӣ Абдураҳим Бобоев аз Турсунзода мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бозии даври сеюми чемпионати Тоҷикистон байни «Далерон-Ӯротеппа» — «Хайр» рӯзи  25- уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мешавад. Оғози бозӣ соати 16.00

Апрель 23, 2015 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст