Даргузашти Бахтиёр Худойназаров- коргардони сатҳи ҷаҳонӣ

Апрель 21, 2015 15:39

 
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 20-уми апрел дар синни 50 баъди бемории вазнин дар шаҳри Берлини Олмон аз олам даргузашт.
Бахтиёр Худойназаров 29-уми майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, факултети режиссёрии Институти давлатии умумииттифоқии синамогарони Маскавро соли 1988 хатм кардааст. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1983 ба сифати ёрдамчии коргардон, коргардон-таҳиягари филмҳои бадеӣ кор кардааст. Баъди хатми Донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳои худӣ машғул шуд, ки “Дар интизори баҳр» , «Бародар», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-аз ҷумлаи маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.
Филмҳои Бахтиёр Худоназаров дар киноҷашнвораҳои ҷаҳонӣ намоиш дода шуда, соҳиби ҷоизаҳои баландтарин гардидаанд. Аз ҷумла, Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи умумииттифоқии филмҳои телевизионӣ дар Саратов (1991), чор Шоҳҷоиза ва ҷоизаи ФИПРЕССИ-и киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Мангейми Олмон (1991), Ҷоизаи асосии киночашнвораи байналмилалии Берлин (1991), Шоҳҷоизаи киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Турин (Фаронса 1991), Шоҳҷоизаи киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Нанте (Фаронса 1992), Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Фриборг (Швейтсария, 1992), Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Роттердам (Нидерландия, 1992) барои филми бадеии «Бародар».
Бахтиёр Худоназаров барои филми бадеии «Қош ба қош» соли 1993 дар киноҷашнвораи 11-уми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи асосиро сазовор гардид. 
Барои филми бадеии «Падари маҳтобӣ» соли 2000-ум ӯ соҳиби ҷоизаҳои «Гӯсфанди тиллоӣ», «Садбарги тиллоӣ»  ва Ҷоизаи киноакадемияи киноҷашнвораи «Ника» дар шаҳри Маскав гардид. 
Филмҳои шодравон Б. Худоназаров бо ҷиддият ва маҳорати баланди  коргардонӣ, интихоб ва устувории гурӯҳи филмбардорӣ аз дигар филмбардорон фарқ мекарданд. 
Шодравон Б. Худойназаров- коргардони кино, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аз соли 1992 буда,  соли 1992 бо ордени Шараф мукофотонида шудааст.
Тавре ки модари Бахтиёр изҳор намуд, моҳҳои охир аҳволи писараш хеле бад шуда буд ва онҳо мунтазам дар бемористон қарор доштанд. Вай ҳеҷ эҳсос намекард, ки Бахтиёр ба зудӣ ин дунёро тарк мекунад.
Тибқи иттилои модари коргардони машҳур  Октябрина писараш дар Берлин ба хок супорида мешавад. 
 

 

Апрель 21, 2015 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст