Даргузашти Бахтиёр Худойназаров- коргардони сатҳи ҷаҳонӣ
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахтиёр Худойназаров, коргардони маъруфи тоҷики сатҳи ҷаҳонӣ рӯзи 20-уми апрел дар синни 50 баъди бемории вазнин дар шаҳри Берлини Олмон аз олам даргузашт.
Бахтиёр Худойназаров 29-уми майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, факултети режиссёрии Институти давлатии умумииттифоқии синамогарони Маскавро соли 1988 хатм кардааст. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 1983 ба сифати ёрдамчии коргардон, коргардон-таҳиягари филмҳои бадеӣ кор кардааст. Баъди хатми Донишкадаи умумииттифоқии кинематографӣ дар соли 1989 ба таҳияи филмҳои худӣ машғул шуд, ки “Дар интизори баҳр» , «Бародар», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-аз ҷумлаи маъруфтарин филмҳои ӯ мебошанд.
Филмҳои Бахтиёр Худоназаров дар киноҷашнвораҳои ҷаҳонӣ намоиш дода шуда, соҳиби ҷоизаҳои баландтарин гардидаанд. Аз ҷумла, Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи умумииттифоқии филмҳои телевизионӣ дар Саратов (1991), чор Шоҳҷоиза ва ҷоизаи ФИПРЕССИ-и киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Мангейми Олмон (1991), Ҷоизаи асосии киночашнвораи байналмилалии Берлин (1991), Шоҳҷоизаи киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Турин (Фаронса 1991), Шоҳҷоизаи киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Нанте (Фаронса 1992), Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Фриборг (Швейтсария, 1992), Ҷоизаи асосии киноҷашнвораи байналмилалӣ дар Роттердам (Нидерландия, 1992) барои филми бадеии «Бародар».
Бахтиёр Худоназаров барои филми бадеии «Қош ба қош» соли 1993 дар киноҷашнвораи 11-уми байналмилалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ҷоизаи асосиро сазовор гардид.
Барои филми бадеии «Падари маҳтобӣ» соли 2000-ум ӯ соҳиби ҷоизаҳои «Гӯсфанди тиллоӣ», «Садбарги тиллоӣ» ва Ҷоизаи киноакадемияи киноҷашнвораи «Ника» дар шаҳри Маскав гардид.
Филмҳои шодравон Б. Худоназаров бо ҷиддият ва маҳорати баланди коргардонӣ, интихоб ва устувории гурӯҳи филмбардорӣ аз дигар филмбардорон фарқ мекарданд.
Шодравон Б. Худойназаров- коргардони кино, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аз соли 1992 буда, соли 1992 бо ордени Шараф мукофотонида шудааст.
Тавре ки модари Бахтиёр изҳор намуд, моҳҳои охир аҳволи писараш хеле бад шуда буд ва онҳо мунтазам дар бемористон қарор доштанд. Вай ҳеҷ эҳсос намекард, ки Бахтиёр ба зудӣ ин дунёро тарк мекунад.
Тибқи иттилои модари коргардони машҳур Октябрина писараш дар Берлин ба хок супорида мешавад.








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






