Дарёфти беш аз 14 кг маводи мухаддир
Душанбе, 29.04. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Ҳамадонӣ марди 58-сола ва марди 28-сола, сокинони ноҳияи мазкур бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардиданд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови мошини тамғаи “ Mercedes-Benz ”, 12-кг 808-грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз зимни гузаронидани як амалиёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Спитамен шаҳрвандон: марди 32-сола ва марди 31-солаи сокинони ҳамин ноҳия дастгир шуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 1 кг маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Зимни як чорабинии фаврии дигар сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови хонаи истиқоматиаш 170 грамм маводи нашъадори героин ва 320 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Вазни умумии маводи мухаддири дарёфтгардида 14 кг 298 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






