Дарёфти сементи қирғизӣ бидуни назорати гумрукӣ
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз ду анбори хоҷагии деҳқонии деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сементи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон ба миқдори умумии 572 900 кг дарёфт гардид, ки арзиши он 538 ҳазору 526 сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, моли мазкур ба шаҳрванд Дилшодҷон Қодиров, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дошта, ин миқдор молро аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайрирасмӣ бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Нисбат ба шаҳрванд Д. Қодиров парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қ.1 КҶ ҶТ (яъне аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мол ё дигар ашёҳо бо миқдори калон, бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ) оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






