«Давлати исломӣ» — аз таассуб то воқеият
Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ “Ховар”).-Ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ хоҳад монд. Пинҳон нест, ки имрўз ҷавонони тоҷик ҳам таҳти таъсири омилҳои гуногун ба доми макру фиреби гурўҳҳои ифротӣ афтода, қурбони манфиатҳои абарқудратҳо ва «дастпарварони» ифротии онҳо мегарданд.
Бешубҳа, дар паси ин нақшаҳои ғаразнок гурўҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурўҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасонии мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ-мазҳабӣ қишри аҳолӣ, махсусан ҷавононро ба майдони қатлу куштори ашхоси бегуноҳ мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмон бо дасти худи мусалмон мебошад. Ҳамчуноне ки ҳар як мусалмони комил ва оқил медонад Ислом дини покӣ, ростӣ ва салоҳ буда, ҳар як фардро ба мусолиҳа ва пайравӣ аз ростӣ даъват менамояд.
Кадом сабаб аст, ки ҷавонон бо назардошти соҳибмаълумот будан ба доми чунин шайтонсифатон меафтанд? Сабаб дар он аст, ки «салафиҳои такфирӣ» (ҳамаи саркардагон ва пешвоёни ДИИШ пайрави ҳамин ақидаи мазҳабӣ буда, аммо ба дигарон бе мазҳабиро талқин менамоянд) бо ваъдаи «биҳишт», «ҳурҳои биҳиштӣ», «шаҳодат» ва ба ин монанд ҷавононро ба доми худ афтонидаанд. Ҷавонони аз аввалин мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаёти мустақилона дар бунбаст афтода, иродаи худро дар баробари ваъдаҳои осмонӣ аз даст дода, фирефта мегарданд.
Бо ном «роҳбарони» «Давлати исломӣ» барои ҷалби бештари «муҷоҳидин» даъват ба «Ҷиҳоди исломӣ»-ро истифода мебаранд. «Салафиҳои такфирӣ» бо далелҳои бофта ва фиребҳои худ табақаи муайяни мусалмононро кофир хонда, бар муқобили онҳо ҷиҳодро «фарз» эълон доштаанд. Ҳол он, ки исломи ноб кофир ҳукм намудани шахси мусалмонро бе далелҳои котеъ гуноҳи азим меҳисобад. Дигар ин, ки ҷиҳоди исломи ноб — ин ҷиҳод ба муқобили нафси худ, ҷиҳоди ақлӣ буда, инсони комил бояд аввал шайтонро дар ботини худ маҳв созад.
Дар вобастагӣ ба ин ҳадисе мавҷуд аст, ки «Беҳтарин мусалмон ҳамонест, ки ҳеҷ кас аз забон ва дасти он озор набинад». Ин ҳадиси Расули Акрам (с) беҳтарин раҳнамоест барои инсони комил, мусалмони воқеӣ.
Омили дигаре, ки ба ҷалби ҷавонон аз сўи намояндагони «Давлати исломӣ» сабаб мешавад — ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн ва таблиғ шудани «мақом»-и бо ном «муҷоҳидин»-и «салафиҳои такфирӣ», хусусан намояндагони тоҷикистонии он мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксҳои таблиғии худро бо силоҳ, намуди зоҳирии хос ва матнҳои дорои мазмуни даъват ба ҷиҳод, таҳдид ба ҷазодиҳии даҳшатнок ба ҳамқавмони худ, ки аз ҷониби тарроҳони пасипардагии онҳо ҳамчун иқдоми «тарсдиҳанда» ба кишварҳои пасошўравӣ равона шудааст, дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, бо ҳамин роҳ барои бархе ҷавонони сустирода ҳамчун «идеал» мегарданд.
Дар натиҷаи ҳол бархе аз ҷавононе, ки дар авҷи камолоти инсонӣ қарор доранд, ба ин дом гирифтор шуда, қурбон мегарданд. Падару модарони онҳо аз ғами фироқ ва дарди алам азияти рўҳӣ кашида, наздикони онҳо орзуи дубора зинда бозгаштани онҳоро мепарваранд, вале роҳи интихоб кардаи ин тоифаи фиребхўрда бозгашт надорад. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин фитнаеаст. Фитнае, ки рўз то рўз ҳудуди давлатҳо ва сарзаминҳои навро фаро гирифта, нуқтаҳои доғи олам мегардад. Оқибатҳои он дар дили ҳазорҳо одамон доғи сиёҳро боқӣ мемонад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






