«Давлати исломӣ» — аз таассуб то воқеият

Апрель 17, 2015 14:38

Душанбе, 17.04.2015. (АМИТ “Ховар”).-Ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ хоҳад монд. Пинҳон нест, ки имрўз ҷавонони тоҷик ҳам таҳти таъсири омилҳои гуногун ба доми макру фиреби гурўҳҳои ифротӣ афтода, қурбони манфиатҳои абарқудратҳо ва «дастпарварони» ифротии онҳо мегарданд.  
Бешубҳа, дар паси ин нақшаҳои ғаразнок гурўҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурўҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасонии мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ-мазҳабӣ қишри аҳолӣ, махсусан ҷавононро ба майдони қатлу куштори ашхоси бегуноҳ мекашанд.  Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмон бо дасти худи мусалмон мебошад. Ҳамчуноне ки ҳар як мусалмони комил ва оқил медонад Ислом дини покӣ, ростӣ ва салоҳ буда, ҳар як фардро ба мусолиҳа ва пайравӣ аз ростӣ даъват менамояд. 
Кадом сабаб аст, ки ҷавонон бо назардошти соҳибмаълумот будан ба доми чунин шайтонсифатон меафтанд? Сабаб дар он аст, ки «салафиҳои такфирӣ» (ҳамаи саркардагон ва пешвоёни ДИИШ пайрави ҳамин ақидаи мазҳабӣ буда, аммо ба дигарон бе мазҳабиро талқин менамоянд) бо ваъдаи «биҳишт», «ҳурҳои биҳиштӣ», «шаҳодат» ва ба ин монанд ҷавононро ба доми худ афтонидаанд. Ҷавонони аз аввалин мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаёти мустақилона дар бунбаст афтода, иродаи худро дар баробари ваъдаҳои осмонӣ аз даст дода, фирефта мегарданд. 
Бо ном «роҳбарони» «Давлати исломӣ» барои ҷалби бештари «муҷоҳидин» даъват ба «Ҷиҳоди исломӣ»-ро истифода мебаранд. «Салафиҳои такфирӣ» бо далелҳои бофта ва фиребҳои худ табақаи муайяни мусалмононро кофир хонда, бар муқобили онҳо ҷиҳодро «фарз» эълон доштаанд. Ҳол он, ки исломи ноб кофир ҳукм намудани шахси мусалмонро бе далелҳои котеъ гуноҳи азим меҳисобад. Дигар ин, ки ҷиҳоди исломи ноб — ин ҷиҳод ба муқобили нафси худ, ҷиҳоди ақлӣ буда, инсони комил бояд аввал шайтонро дар ботини худ маҳв созад. 
Дар вобастагӣ ба ин ҳадисе мавҷуд аст, ки «Беҳтарин мусалмон ҳамонест, ки ҳеҷ кас аз забон ва дасти он озор набинад». Ин ҳадиси Расули Акрам (с) беҳтарин раҳнамоест барои инсони комил, мусалмони воқеӣ.
Омили дигаре, ки ба ҷалби ҷавонон аз сўи намояндагони «Давлати исломӣ» сабаб мешавад — ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн ва таблиғ шудани «мақом»-и бо ном «муҷоҳидин»-и «салафиҳои такфирӣ», хусусан намояндагони тоҷикистонии он мебошад. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксҳои таблиғии худро бо силоҳ, намуди зоҳирии хос ва матнҳои дорои мазмуни даъват ба ҷиҳод, таҳдид ба ҷазодиҳии даҳшатнок ба ҳамқавмони худ, ки аз ҷониби тарроҳони пасипардагии онҳо ҳамчун иқдоми «тарсдиҳанда» ба кишварҳои пасошўравӣ равона шудааст, дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, бо ҳамин роҳ барои бархе ҷавонони сустирода ҳамчун «идеал» мегарданд. 
Дар натиҷаи ҳол бархе аз ҷавононе, ки дар авҷи камолоти инсонӣ қарор доранд, ба ин дом гирифтор шуда, қурбон мегарданд. Падару модарони онҳо аз ғами фироқ ва дарди алам азияти рўҳӣ кашида, наздикони онҳо орзуи дубора зинда бозгаштани онҳоро мепарваранд, вале роҳи интихоб кардаи ин тоифаи фиребхўрда бозгашт надорад. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин фитнаеаст. Фитнае, ки рўз то рўз ҳудуди давлатҳо ва сарзаминҳои навро фаро гирифта, нуқтаҳои доғи олам мегардад. Оқибатҳои он дар дили ҳазорҳо одамон доғи сиёҳро боқӣ мемонад.
 
 

Апрель 17, 2015 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад