«Эстафетаи хотира» дар Душанбе анҷом ёфт

Апрель 1, 2015 11:12

Душанбе, 01.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Душанбе «Эстафетаи хотира», ки ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муддати ду рӯз идома дошт,  ба анҷом расид.
   Ин чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ гузаронида шуда, ҳайати бонуфузи иштирокчиёни эстафетаи мазкур аз Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои ИДМ таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парлумони Қазоқистон Жексенбай Дуйсебаев бо ҳамроҳии муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов ва дигар шахсони ҳамроҳикунанда дар Боғи Ғалаба бо иштироки ҳайати қаровули ифтихории Вазорати мудофиа  дар назди оташи фурӯзони ҷовидони Маҷмааи хотиравии «Ғалаба» гулчанбарҳо гузоштанд. Ҳамзамон иштирокчиёни «Эстафетаи хотира» шуълаи оташи фурӯзони ҷовидони  Маҷмааи хотиравии «Ғалаба»-ро дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав бо худ гирифтанд.  

Апрель 1, 2015 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст