Файзобод: Хавфи омадани сел зиёд аст

Апрель 27, 2015 16:00

Файзобод, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Гурӯҳе аз сокинони деҳаҳои Боғи мирӣ, Сурхдара ва Файзободи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод мегӯянд, ки  дар вақти боришоти зиёд аз хавфи омадани сел аз дарёчаи Сурхдара онҳо ором надоранд. Мувофиқи иттилои раиси ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳия Зайдулло Зубайдов дар ҳақиқат дар сурати кандашавии танбаҳо ва омадани сел ба ҷони мардум хавф таҳдид мекунаду ба заминхои кишт хисороти калон мерасад. Аз ҳамин сабаб имсол аз ҳисоби деҳаҳои Боғи мирӣ ва Сурхдара як тонна сӯзишворӣ ва бо ёрдами техникии  ноҳия дар масофаи 500 метр соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуд. Вале аз сабабе, ки ин дарёча аз кӯҳҳо сарчашма мегираду масофааш 10-11 километр аст, дар вақти боришоти аввали фасли баҳор  оби сел 50%-и   корҳои анҷомдодаро  шуста бурд. 
Ба андешаи баъзе сокинони ин минтақа танҳо соҳилмустаҳкамкунии  бетонӣ  метавонад садди роҳи селҳо шавад, аммо масофа, ки аз 500 метр зиёд аст, шароити моддияшон мувофиқат намекунад  ва ягона умедашон  барои мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёча танҳо ба ҳукумати ҷумҳурист.

Апрель 27, 2015 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст