Форум: «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21»

Апрель 21, 2015 16:34

Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Моҳинави Наврӯз).-Дар шаҳри Душанбе бо ҷалби сохторҳои илмию мақомоти давлатӣ ва намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай Форуми 11-уми байналмилалии «Муколамаи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар асри 21» ва Мактаби 6-уми байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ баргузор шуд, ки идомаи он аз 21 то ба 23-юми апрели соли равон дар назар аст. 
Тавре ки гуфта шуд, ин Форум ва мактабро Донишгоҳи давлатии лингвистии Маскав дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир менамояд. 
Форуми 11-уми байналмилалии «Муколамаи забоҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ  дар асри 21» маротибаи 11-ум аст, ки гузаронида мешавад. Баргузории мактаби байналмилалии тарҷумонҳои ҷавони адабиёти бадеӣ 6-умин маротиба аст, ки бо ширкати шумораи намояндагони кишварҳои гуногун баргузор мешавад. Форуми мазкур бо баргузор намудани ҷаласае ба кори худ итмом набахшида, баргузории чорабиниҳои гуногун дар назар дошта шудааст. 
Дар доираи баргузории форум ҷаласаҳои пленарӣ бо ширкати донишмандон, мизҳои мудаввар барои ҳалли масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ва мубодилаи таҷриба, баҳсҳои илмӣ, мулоқот бо адибону донишҷӯён ва гузаронидани лексияҳо доир ба тарҷумаи бадеӣ ва дарсҳои амалии мутарҷимони Русия ва дигар кишварҳо баргузор шавад. 
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ меҳмононро масъулон аз сохторҳои илмию фарҳангии кишвар истиқбол намуда, масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки баргузор намудани ин гуна форум ва чорабиниҳои илмӣ имкон медиҳад, то равобити илмию фарҳангии кишварҳои дар чорабинӣ ширкаткунанда густариш ёбад.

Апрель 21, 2015 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст