Фурӯши бархе маҳсулот дар «Шоҳмансур» қатъ мегардад

Апрель 21, 2015 08:17

  Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 майи соли равон фурӯши бархе молу маҳсулотро дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт  ихтисор намояд. Дар хусуси ихтисор намудани кадом намуди молу маҳсулот ҳанӯз иттилоъ дода нашудааст. 
    Ин тасмими  шаҳрдорӣ бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт бе танбашавӣ дар роҳҳои мошингузари назди бозори «Шоҳмансур» андешида шудааст. Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ  зикр гардид, ки бо назардошти ихтисори фурӯши бархе аз молу маҳсулот дар бозори «Шоҳмансур» соҳибкорон имкон доранд фаъолияти худро дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90», ки моҳи сентябри соли 2014 дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли  кишвар ба истифода дода шуд, ба роҳ монанд.
 
 

Апрель 21, 2015 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст