Гусели наваскарон ба хизмат

Апрель 3, 2015 09:08

   Панҷакент, 03.04.2015.. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид. 
     Гусели ботантанаи аввалин наваскарон дар комиссариати  ҳарбии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндаҳои мақомоти иҷроияи шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидон ва ҳамчунин намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир шуд. Онҳо 80 нафар наваскарро ба хизмати Ватан — Модар гусел намуданд.
    Раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ Парвиз Шодиев ҳангоми суҳбат иброз намуд, ки барои 80 нафар даъватшаванда либос ва дастархони идона омода шудааст. 
     Имсол тибқи Фармони Сарвари Давлат ҷавонони соли таваллуди 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
 
 
 
 

Апрель 3, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст