Хадамоти гумрук: «Воридот коҳиш ёфтааст»

Апрель 29, 2015 08:36

              Душанбе, 29.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар зарфи се моҳи соли равон 965,7 миллион $ -ро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121,4 миллион $ кам буда, 88,8 %-ро ташкил медиҳад.  
           Маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ медиҳад, ки аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 751,8 миллион $ ба воридот ва 213,9 миллион $  ба содирот рост меояд, ки дар қиёс ба соли 2014 воридот 146,1 миллион $ коҳиш ёфта, содирот 24,7 миллион $ зиёд гардидааст. 
         Ба дӯши давлатҳои хориҷаи дур 490,6 млн. доллар маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,5 миллион $ ё 8,8% кам гардидааст. Содирот ба маблағи 25 миллион $ зиёд ва воридот ба маблағи 72,5 миллион $ кам гардида, мутаносибан 160,2 млн. $ ва 330,4 млн $-ро ташкил намудаанд. 
           Дар ин муддат аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 45,2 миллион $ алюминии аввалия, 37,8 миллион $ нахи пахта ва 4,1 миллион $ меваю сабзавот содирот гардид. Ба Тоҷикистон аз хориҷа ба маблағи 109,5 миллион $ маҳсулоти нафтӣ, 39,1 миллион $ гази моеъ, 27,9 миллион $ воситаҳои нақлиёти сабукрав, 20,5 миллион $ глинозем,  49,8 миллион $ гандум, 16,6 миллион $ равғани растанӣ, 16 миллион $ шакар, 13,5 миллион $ орд, 4,8 миллион $ семент ва ба маблағи 3,8 миллион $ нуриҳои  минералӣ ворид шудааст. 

Апрель 29, 2015 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст