Хуҷанд: «Фарҳанги миллӣ ва ҷойи дин дар он»

Апрель 23, 2015 14:12

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки  Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар таҳти унвони «Дин ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар маҳфил раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, мудири шуъба оид ба корҳои дин,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов, роҳбари Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, коршиносони дохилӣ, ҳуқуқшиносон, устодон ва донишҷӯён ҳузур доштанд.
Дар маҳфил Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи «Дин дар давлати дунявӣ» гузориш намуд.
Дар ҷараёни музокира раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, устодон Самад Болтаев, Нурулло Ғиёсов, Саъдӣ Муртазоев, Ӯғулой Умаралиева ва донишҷӯён сухан гуфтанд.
 
 
 
 

Апрель 23, 2015 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст