Иқдомоти МОИ “Суғд” барои ҷалби сармояҳои Русия

Апрель 23, 2015 14:14

Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, ).- 22 апрел сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов аз Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид намуд.
Назар ба хабари маъмурияти МОИ “Суғд”, роҳбари минтақа Фирдавс Олимов ба меҳмон аз фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва тағйироте ки баъди мулоқоти соли 2013 дар инҷо рӯй додааст, аз ҷумла дар бораи мавриди истифода қарор додани корхонаҳои нав ва афзудани тедоди иншоотҳо нақл кард.
Зимни мулоқот бахши истеҳсоли меваи хушк, ки диққати бозори Русияро ба худ ҷалб менамояд, баррасӣ шуд.
Роҳбари маъмурият ҳамчунин аз тадбирҳое ки роҳбарияти вилоят барои таҷдиду рушди бахши кишоварзӣ меандешад, нақл кард.
Фирдавс Олимов ҳамчунин зикр намуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояҳои Русия корҳои зиёде анҷом дода, бо ширкатҳои Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ   гуфтушунид карда мешавад.
Зимни мулоқот имконияти ҳамкорӣ бо вилоятҳои Оренбург ва Ростов барои бунёди  корхонаи муштараки васли техникаи кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
 

Апрель 23, 2015 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст