Иҷозаи вуруди 115 нафар ба Федератсии Русия
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-115 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки воридшавиашон ба Федератсияи Русия мань шуда буд, дубора иҷозати ворид шудан ба ин кишварро гирифтанд. Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа Дустмурод Умбаров аз 115 нафари иҷозат дода, 35 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Баъди ба Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия пешниҳод намудани аризаҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 115 нафар шаҳрванди мамлакат иҷозаи воридшавӣ дода шуд.
Бояд зикр намуд, ки то имрўз аз тарафи мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия зиёда аз 400 нафар шаҳрванди мамлакат, ки бо сабабҳои гуногун воридшавиашон ба қаламрави Русия манъ шуда буд, иҷозаи дубора дода шуд. Дар айни ҳол онҳо дар минтақаҳои Русия иқомат дошта, фаъолияташонро идома дода истодаанд.
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия бо сабабҳои номаълум воридшавиашон ба ин кишвар манъ шудааст, метавонанд ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд:
Наздикони оила, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро дошта бошанд (шиноснома, ақди никоҳ ва шаҳодатномаи таваллуди падару модр, бародару хоҳар, зану шавҳар);
Донишҷуёне, ки дар шуъбаҳои рўзона дар Федератсияи Русия таҳсил менамоянд (шиноснома, маълумотнома аз донишгоҳ ё донишкада, билети донишҷўӣ ва дафтарчаи имтиҳонот);
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дорои патент, иҷозати кор, иқомат барои зист (вид на жительство и РВП) фаъолият намудаанд (чекҳои патенти ҳармоҳа ва шартномаи меҳнатӣ);
Шахсоне, ки барои табобат ба Федератсияи Русия мераванд (роҳхати беморхонаи Федератсияи Русия ва маълумотнома дар бораи табобат дар қаламрави ФР);
Шахсоне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дар номи худ амвол доранд, яъне дар номи худ хона ва замин доранд, нусхаи шиносномаи хона ва замин, сертификат) пешниҳод мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






