Ифтитоҳи студияи телевизионӣ дар ВКД ҶТ
Душанбе, 22.04.2015 (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатзода студияи телевизионии ВКД ифтитоҳ шуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки вазири корҳои дохилӣ Р Раҳимзода зимни ифтитоҳи студияи тозабунёди телевизионӣ иброз дошт, ки студияи мазкур барои таҳия ва сабти барномаҳо дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, расонидани маълумоти дақиқ оид ба воқеаву ҳодисаҳо ва кирдорҳои ҷинояткорона ба сокинони мамлакат мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ барномаҳои криминалии «Сипар» аз тариқи Шабакаи аввал, «Набз» ба воситаи «Телевизиони Сафина» ва «Дидбон» аз ТВ «Ҷаҳоннамо» ҳар ҳафта манзури тамошобинон гардонида шуда, фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини суботу оромӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва мубориза бо ҷинояткорӣ инъикос менамоянд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






