Иштироки ҳайати ФФТ дар кори Конгресси КФО

Апрель 29, 2015 10:57

Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30  апрел  дар  пойтахти  Баҳрайн   шаҳри  Манама Конгресси Конфедератсияи  футболи  Осиё  баргузор  мегардад,  ки дар  кори он  намояндагони  ҳамаи федератсияҳои  миллии  футболи  қитъаи  Осиё  ширкат  мекунанд.
Дар  конгресс Федератсияи  футболи  Тоҷикистонро  ноиби якуми президенти федератсия  Хуршед  Мирзоев,  дабири  кулли он  Ислом  Маҳмадшоев,  ҳамчунин  узви  Кумитаи  иҷроияи ФФТ,  роҳбари Федератсияи  футболи  шаҳри  Душанбе  Дилшод  Ҷӯраев  намояндагӣ  мекунанд. 
Масоили  асосии  рӯзномаи конгресси  Манама  иборат  аз  интихоби президенти Конфедератсияи  футболи  Осиё,  ҳамчунин  Кумитаи  иҷроияи КФО  ва  ФИФА  мебошад. 
Ёдовар  мешавем, ки  Шайх  Салмон  бинни  Иброҳим ал — Халифа  аз  Баҳрайн, ки  аз  соли  2013 роҳбарии  созмони  мазкурро  ба  ӯҳда дорад, ягона  номзади сабтшуда  ба  мансаби президенти Конфедератсияи  футболи  Осиё  мебошад.
Қаблан Конфедератсияи  футболи  Осиё  рӯйхати  номзадҳо  ба  узвияти Кумитаи иҷроияи созмонро, ки  интихоботи он  30  апрел  дар  ҷараёни Конгресси  26 — уми  КФО  дар  пойтахти  Баҳрайн  шаҳри  Манама  баргузор  мегардад, эълом дошта буд. 

Апрель 29, 2015 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст