Иштироки Х. Ибодзода дар Форуми 7-уми байналмилалии об
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-14 апрели соли 2015 дар бахши «Занон барои об» -и Форуми 7-уми байналмилалии об, ки дар Кореяи Ҷанубӣ мегузарад, дар вохўрии навбатие, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Иттиҳоди шарикии занон дар соҳаи об ташкил гардидааст, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода сухан гуфт.
Х. Ибодзода хусусиятҳои муҳими ҷалби занонро барои пешсафгардонии онҳо дар соҳаи татбиқи сиёсати об ва раванди қабули тасмимҳо махсус зикр кард. Аз ҷумла, мавсуф ёдрас намуд, ки дар Тоҷикистон масъалаҳои ҷалби занон ба тамоми соҳаи рушд, аз ҷумла соҳаи истифодаи об ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Сиёсати баланд бардоштани мақоми занро дар ҷумҳурӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда месозад, дар соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул шуд. Тибқи банди 7-уми Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» яке аз муовинони вазирон ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби занон бояд таъйин шавад. Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи «Қоидаҳои қабули донишҷўён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ» ба қабули духтарон аз деҳот таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Дар анҷоми сухан раиси кумита гуфт, ки дар доираи Конфронси сатҳи баланд, ки ба Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 бахшида шуда, моҳи июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нишасти матбуотӣ оид ба мавзўи «Об ва занон» гузаронида мешавад. Дар охир ў иштирокчиёнро барои ширкат дар конфронси мазкур таклиф намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






