КҶВС беҳтарин суханварони ҷавонро муайян кард

Апрель 23, 2015 16:31

Душанбе, 23.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Зимни баргузории як чорабинии фарҳангӣ дар маркази фарҳангию фароғатии ҷавонон -“Ориёно” озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин суханвари ҷавон” ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки таҳия гардида буд, дар ду давр баргузор гардид. Дар озмун бештар аз 78 нафар ҷавони касбу кори гуногун ширкат варзида, 10 нафари беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. 
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷойи аввал насиби Аслиддин Хушвахтов гардида, ҷойи дуюмро Гулизор Пирова ва Фарзон Машарипов соҳиб шуданд.  Марҷона Орипова ва Аҳмадхӯҷа Давлатов сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. 
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, ки бевосита ширкат дошт, мақсад аз баргузории озмунро дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод, баланд бардоштани донишҳои зеҳнӣ, қобилияти суханварии ҷавонон ва ба ин васила дарёфти истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ намуд. 
Гуфта мешавад, дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибони озмуни мазкур  Диплом — барои се ҷойи ифтихорӣ, Сипоснома, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.    
 

Апрель 23, 2015 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст