Кӯлоб: Вохўрӣ бо прокурори вилояти Хатлон
Кўлоб, 22.04.2015.(АМИТ «Ховар» Фарҳод Мадаминов).- Бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ва прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохўрӣ бо фаъолони шаҳр, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва деҳот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи сатҳи ҷинояткорӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав баррасӣ шуд. Раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни ҷавонон омили асосии беҳбуди кор дар ин самт дониста, аз ҳозирин даъват кард, ки дар ҳалли масъалаи мазкур, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бетарафӣ зоҳир накунанд.
Зикр шуд, ки ҳар яки мо дар ин самт бояд аз ақлу заковат ва сиёсати пешгирифтаи давлат истифода кунем ва кӯшиш намоем, ки аз ҷараёнҳои номатлуб пешгирӣ кунем. Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов бо таассуф зикр кард, ки чанде аз ҷавонони Кӯлобшаҳр низ ба сафи ҳаркатҳои тундгаро пайваста, чанд нафари онҳо кушта шудаанд ва аҳли ҷамоати шаҳрро даъват намуд, ки барои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ҳама дастаҷамъона саҳм гузоранд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






