Кайҳоннавардӣ дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор»

Апрель 11, 2015 09:13

Душанбе, 11.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои сомонаи раиси вилояти Суғд дирӯз дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ конфроси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии  авиатсия ва кайҳоннавардӣ дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор»  бо иштироки  устодону донишҷӯёни факултаи  физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  академик Б.Ғафуров, фаъолони  Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ  доир гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаи  донишҷӯи курси сеюми  факултаи физика ва техникаи ДДХ Маҳҷуба Зарифоваро  дар мавзӯи «Ба парвози аввалин инсон ба кайҳон 54 сол пур шуд», намоиши тасвирии  ҷонишини директори планетария Самеъ Хошоковро дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор», баромади  узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, хонандаи синфи 10-и  гимназияи № 2-и шаҳри Чкалов Гесубонуи Парвинро дар мавзӯи «Муаммоҳои омӯзиши ҳаёти ғайризаминӣ дар давраи муосир» бо мароқ шунида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Апрель 11, 2015 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст