«Китобхона ҳамчун маркази фарҳангию таърихии пойтахт»
Душанбе,18.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 90-солагии пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллӣ дар мавзӯи «Китобхона ҳамчун маркази фарҳангию таърихии пойтахт» ҳамоиш доир гардид.
Иштирокчиён аз таърихи гузаштаи сарчашмаҳои нигоҳдории китоб аз ҷониби шахсиятҳои илмдӯсту фарҳангпарвар сухан гуфтанд. Тавре ки гуфта шуд, сарфи назар аз бесарусомониҳои таърихиву сиёсӣ шоирону нависандагон, олимону донишмандон ва онҳое, ки ба илму дониш таваҷҷуҳ доштанд, дар ҳама давру замон китобҳои нодиру арзишмандро ҳифз мекарданд, то фарҳанги миллат нобуд нагардад. Таъкид шуд, ки чунин шахсиятҳо дар бақои илму фарҳанги тоҷикон саҳми пурарзиш гузошта, теъдоди зиёди китобҳои гаронбаҳоро то ба имрӯз расониданд. Дар замони муосир барои башарият нигоҳдориву ҳифзи китобҳо бо усулҳои наву пешрафта, тавассути бунёди китобхонаҳо, ки дорои тамоми шароитанд ва китобхонаҳои электронӣ ба миён омадааст, ки аз он асрҳои баъдӣ наслҳо метавонанд самаранок истифода баранд. Таъкид шуд, ки маҳз тавассути китобҳои нодири илмӣ, таърихӣ ва бадеӣ инсонҳо аз фарҳангу тамаддуни гузаштаи миллати худ бохабару огаҳ буда метавонанд. Китобхонаҳои муосир бо мақсаде бунёд шудаанд, ки дар ин макони илму маърифат наслҳо дониши худро баланд бардоранд, фарҳанги миллиро идома диҳанд ва дар ҷомеа корҳои шоистаро анҷом диҳанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






