Корҳои кишти пахта вусъати тоза мегиранд

Апрель 14, 2015 15:31

Хуҷанд, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд  корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.  Тавре ки  аз идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар 7 ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта асосан тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили  “амрикоӣ”, “хитоӣ” ва  “австралиягӣ” бартарӣ доранд. 
Тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ пахтакорони вилоят азм доранд дар майдони 54 ҳозор га кишти пахта гузаронида, дар маҷмӯъ  зиёда аз 105 ҳазор тонна пунбадона ҷамъоварӣ намоянд. 
То охири даҳаи аввали моҳи равон дар майдонҳои кишоварзии шимоли кишвар кишти пунбадона дар майдони 15 588 га гузаронида  шудааст. 
 
 

Апрель 14, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст