«Майдони қаҳрамонон» дар Конибодом

Апрель 18, 2015 10:26

Хуҷанд, 18.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба ва ҳамзамон чун нишони эҳтирому сипосмандӣ ба иштирокчиёни ҶБВ, инчунин рамзи арҷгузорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнати ақибгоҳ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Конибодом хиёбони фарҳангиву фароғатии «Майдони қаҳрамонон» бунёд гардида истодааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар”  аз мақомоти маҳаллии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд,   дар мавзеи мазкур аз ҷониби сохтмончиёни корхонаи «Қандсохтмон» корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. 
Ҳамзамон  баҳри бунёди «Майдони қаҳрамонон» дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” суратҳисоби махсуси «Садоқати Конибодом» кушода шудааст, ки аз ҷониби корхонаву ташкилоти гуногуни шаҳр, соҳибкорону шахсони саховатпеша маблағҳои муайян ворид мегарданд.
Мавзеи «Майдони қаҳрамонон» дар арафаи таҷлили рӯзи Ғалаба ба истифода дода шуда,  майдони мазкур бо гулу дарахтони ҳамешасабз, нишастгоҳҳои истироҳатӣ ва фаввораҳо оро дода шуда, инчунин  дар ин ҷо нимпайкараи 26  нафар собиқадорони меҳнати сотсиалистӣ ва 2 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Конибодом ҷой дода мешавад. 

Апрель 18, 2015 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст